• Mardon
  • 09.10.2019
  • 0

«Корҳои фаҳмондадиҳӣ» бо диндорон дар Ӯзбекистон

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои маҳаллӣ ва омӯзгорони макотиби вилоятҳои Намангон, Фарғона ва Андиҷони Ӯзбекистон дар мавзӯи «Беҳсозии муҳити динӣ» ҷаласаҳо баргузор мекунанд.

Сабти садоие аз ҷараёни яке аз ҷаласаҳои мазкур дар деҳаи «Калача»-и ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон дарёфт шудааст. Дар ҷаласа ҷавонони 18-19-солае иштирок доштанд, ки риш мемонанд ва бо «тоқии ғайрисуннатӣ» ба масҷид мераванд.

Тавре дар навор шунида мешавад, марде худро нозири умури фаҳмондадиҳии Шуъбаи пулиси Шаҳрихон Элмурод Аҳмадалиев муаррифӣ карда, аз ҷавонон даъват мекунад, ки риш нагузоранд. «Агар ҳама риш монанд корҳои давлативу хоҷагидориро кӣ мекунад? Танҳо 60-солаҳо метавонанд, ки риш монанд», — меафзояд ӯ.

Ба гуфтаи нозири ӯзбек, шеваи либоспӯшии арабҳо ва мардуми дигар наметавонад барои ӯзбекҳо намуна шавад. «Мо турк ё эронӣ нестем. Мо ӯзбек ҳастем», — изҳор медорад Аҳмадалиев.

Ҷавони 19-солае аз нозир суол мекунад, оё дар Ӯзбекистон қонуне ҳаст, ки мондани ришро манъ кунад. Нозир ба ҷои посух додан ба таҳдид гузашта, дар хитоб ба ҷавон мегӯяд, ки ман падарбузургу падари туро мешиносам ва инхел суолҳоро дигар надеҳ.

Пештар манобеъ хабар дода буданд, ки кормандони Кумитаи занони ноҳияи Турақӯрғони вилояти Намангон хона ба хона гашта, аз сокинон даъват мекунанд, либосҳои исломӣ напӯшанд ва риш нагузоранд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner