• Administrator
  • 31.01.2019
  • 0

Пешниҳоди авф барои 4000 маҳбус

Вакили порлумони Қирғизистон Исҳоқ Масалиев пешниҳод дорад, ки бахшида ба 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва 80-солагии ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сиёсии соли 1938 дар ин кишвар афви маҳбусон сурат гирад.

Бар пояи лоиҳаи қонун, 4 ҳазору 172 нафар бояд афв шаванд. 285 маҳбус озод ва муҳлати зиндониёни боқӣ кам карда хоҳад шуд.

Ин афв, дар сурати ҷонибдорӣ ёфтанаш аз сӯи порлумон нисбат ба шахсони зерин иҷро хоҳад шуд: ноболиғоне, ки бори нахуст ва ба муҳлати 5 сол зиндонӣ шудаанд; мардони аз 60-сола ва занони аз 55-сола боло; маъюбони гуруҳҳои I ва II; шахсоне, ки бори нахуст ва ҷиноятҳои сабуку на он қадар вазнин содир кардаанд.

Пешнависи якуми қонуни мазкур барои раъйгирӣ ба порлумон фиристода шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner