• Administrator
  • 01.02.2019
  • 0

Президент дастур дод: шиканҷаро решакан кунед

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон 10 январ дар як ҷаласа аз ҷой доштани шиканҷа дар вилояти Андиҷони кишвараш хабар дод.

«Ташвишовараш он аст, ки дар вилояти Андиҷон зери шиканҷа, хушунату таҳқир дарёфти эътироф ба айби эълоншуда идома дорад. Ҳамаи шумо албатта дар ин бора шунидаед. Роҳбарияти вилояти Андиҷон дар ин кор таҷрибаи калон дорад, ба вижа Собиров (сардори милисаи вилояти Андиҷон, Шуҳрат Собиров). Ман ӯро махсус ба ин вилоят фиристодам. Ман эътимод кардам, рафиқ полковник. Шумо бо чунин хушунат ба куҷо мерасед? Додситон куҷоро нигоҳ мекунад?», — гуфт Мирзиёев.

«Ин бозиҳо бо калтакҳо, бо ниқобҳои зидди газ — ин рафторҳои гузашта аст, ки барои Ӯзбекистон зарурат надоранд. Тамоми ҷаҳон ба мо нигоҳ мекунад, ҳамарӯза то 1000 мақола дар бораи Ӯзбекистон дар интернет нашр мешавад. Ҳатто дар Ҳабашистон дар бораи Ӯзбекистон менависанд. Ҳар қадами мо зери назорати ҷомеаи ҷаҳонӣ аст…», — гуфт Шавкат Мирзиёев

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner