Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Тошканд қаҳрамони ҳафткаратаи Ӯзбекистон кушта шуд

Бино ба иттилои пулиси шаҳри Тошканд, шаби 10 ба 11 сентябри соли равон дар қаҳвахонаи воқеъ дар ноҳияи Юнусободи пойтахти Ӯзбекистон миёни ду гуруҳи ҷавонон низоъ сар задааст.

Ҷавонон барои идомаи баҳс аз қаҳвахона берун шуда, ба занозанӣ давом додаанд. Дар натиҷа се нафар бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтаанд. Яке аз онҳо Муслимбек Омонови 23-сола субҳи 11 сентябр дар беморхона ҷон бохт.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди «Қасдан расонидани осеби сахти ҷисмонӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шахсияти тамоми иштирокдорони задухӯрд муайян карда шуда, тафтишот идома дорад.

Муслимбек Омонов варзишкори ҳирфаии Муҳорибаи омехта, қаҳрамони ҳафткаратаи Ӯзбекистон оид ба кикбоксинг ва қаҳрамони муҳорибаи омехта дар Осиё дар вазни 77 кило буд.

Ёдрас мешавем, моҳи августи соли гузашта дар натиҷаи занозанӣ бо муҳофизи клуби шабонаи шаҳри Тошканд қаҳрамони Ӯзбекистон оид ба муҳорибаи омехта Ҷамшед Кенҷаев низ ҷон бохта буд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.