• Mardon
  • 30.05.2019
  • 0

Дастаи “Челсӣ”-и Лондон барандаи Ҷоми Лигаи Аврупо шуд

Дастаи “Челсӣ” дар бозии ниҳоӣ ё финалӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бар дастаи дигари Англия-“Арсенал” бо ҳисоби калони 4 бар 1 пирӯз шуд.

Қисми аввали бозӣ дуранг (0:0) анҷом ёфта ва дар қисми дуюм рақбон ба дарвозаи ҳамдигар 5 гол заданд.

Дар ин бозӣ, футболбози арманитабори дастаи “Арсенал” Ҳенрих Мхитарян ширкат надошт. Чун бозӣ дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон  баргузор шуд ва равобити Озарбойҷону Арманистон ба далели баҳсҳо бар сари мансубияти Қаробоғи Кӯҳӣ тира аст.

Бозии финалии дастаҳои “Челсӣ” ва “Арсенал” нахустин финали бозиҳои аврупоӣ аст, дар ҳудуди Озарбойҷон баргузор шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner