• Бахтовар Сафаров
  • 26.06.2019
  • 0

Фрэнк Лэмпард сармураббии нави “Челси”

Баъди ба охир расидани сару садоҳо Фрэнк Лэмпарди курсии сармураббигии бошгоҳи лондонии “Челси”-ро ба душ гирифт.

Тавре сомонаи расмии Goal.com хабар медиҳад, айни замон Фрэнк Лэмпард бо “ашрофзодаҳо” шартномаи ҳамкории 5 соларо ба имзо расонид. Аммо дар сарчашма маблағи гузариши Фрэнк ба “Челси” дарҷ нагардидааст.

Фрэнк Лэмпард то ин дам дар дастаи “Дерби Каунти” ба ҳайси сармураббӣ фаъолият мекард ва дар ин мақом коршиноси итолиёвӣ Маурисио Сарриро иваз намуд.

Бояд қайд намуд, ки Фрэнк Лэмпарди нобиға ба ҳайси футболбоз 14 соли пурсамари футболбозиашро маҳз дар бошгоҳи “Челси” сипарӣ намуда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner