• Mardon
  • 13.05.2019
  • 1

«Манчестер Сити» қаҳрамони футболи Инглистон шуд

Дар ду соли ахир дастаи «Манчестер Сити» дар бозиҳои қаҳрамонии футболи Инглистон пайи ҳам ҷойи аввал ва медоли тиллоро соҳиб мешавад.

Шоми 12 май дастаи «Манчестер Сити» дар меҳмонӣ бар дастаи “Брайтон” бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз шуда ва бо 98 хол ба зинаи аввал баромад.

Дар зинаи дуюм дастаи “Ливерпул” қарор дорад, ки аз дасти аввал танҳо як хол камтар ба даст овардааст.

Зинаҳои дуюм ва сеюми бозҳои қаҳрамонии футболи Инглистонро дастаҳои “Челсӣ” ва “Тоттенҳем” ишғол карданд.

Ин чорумин унвони қаҳрамонии “Манчест Сити” дар бозиҳои қаҳрамонии футболи Инглистон аст. Дар бозиҳои қаҳрамонии Инглистон дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Челсӣ» аз ҳама бештар ҷоиза  ба даст овардаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Anonymous:

    Ливерпуль ва Манчестер Юнайтед крови гучоя дидаги ту

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner