• Mardon
  • 18.04.2019
  • 0

Муҳаммад Салоҳ дар феҳристи “100 чеҳраи маъруфи ҷаҳон”

Муҳаммад Салоҳ, футболбози маъруфи дастаи “Ливерпул”-и Англия ва дастаи мунтахаби Миср дар миёни 100 чеҳраи машҳури ҷаҳон дар соли 2019 ҷой гирифтааст.

Маҷаллаи амрикоии Time, ки ҳамасола феҳристи 100 чеҳраи саршиноси ҷаҳонро мунташир мекунад, дар соли ҷорӣ чеҳраҳои маъруфро дар панҷ бахш: “Пешоҳангон”, “Ҳунарпешаҳо”, “Раҳбарон”, “Маҳбубҳо” ва “Бузургон” шомил гардидааст.

Исми Муҳаммад Салоҳ дар канори раҳбари Фейсбук Марк Тсукерберг дар бахши “Бузургон” сабт шудааст. Барои аввалин бор дар феҳристи садгонаи ашхоси маъруфи ҷаҳон номҳои сарвазири Исроил Бенёмин Натанёҳу ва Попи Ватикан Франтсиск пайдо шудааст.

Дар солҳои 2014 то 2017 исми Владимир Путин мудом дар феҳристи садгонаи ҷеҳраҳои саршиноси ҷаҳон шомил мешуд. Аммо  дар ду соли ахир ин анъана вайрон шудааст.

Аз соли 2004 маҷаллаи амрикоии «Time» феҳристи 100 чеҳраи саршиноси ҷаҳонро нашр мекунад. Дар соли 2018 Ҷамол Ҳашоғғӣ, хабарнигори саудӣ ва мунаққиди Ар-Риёд чеҳраи сол эълон шуд. Вай дар моҳи октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул кушта шуда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner