Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мураббии дастаи “Арсенал” барканор шуд

Дафтари матбуотии дастаи «Арсенал»-и Англия Kroenke Sports хабар медиҳад, ки сармураббии даста Унай Эмерӣ аз мақомаш барканор карда шуд.

 Манбаъ афзудааст, роҳбари дастаи “Арсенал” Ҷош Кронке дар як гузоришаш гуфтааст: “Мо миннатдории самимии  худро ба Унай ва ёрдамчиёнаш мерасонем, ки пайваста кӯшиш менамуданд дастаро барои мусобиқаҳои бонуфуз омода намоянд, аммо вақтҳои охир Эмерӣ натавонист натиҷаҳои беҳтере, ки мо аз ӯ интизор будем, нишон диҳад. Ба ҳамин хотир мо ба ӯ муваффақиятҳо таманно намуда, идомаи фаъолияташро дар дигар дастаҳо хоҳонем”.

   Ба маълумоти шабаки телевизонии BBC  тахмин меравад  ба ҷои Эмерӣ сармураббии «Вулверхэмптон» — Нуну Эшпириту Санту ба даста даъват шавад.

Зинан,  вақтҳои охир Унайи Эмерӣ бо «Арсенал» натиҷаи хуб нишон намедод ва аз ҳамин лиҳоз роҳбарияти клуб маҷбур шуд ӯро аз вазива барканор намояд.

 Дар ҳоли ҳозир бошад иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаро мутахассиси англис Фредди Ҷунгбер ба ӯҳда гирифтааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.