• Mardon
  • 18.06.2019
  • 0

Президенти собиқи УЕФА боздошт шуд

Мишел Платинӣ, раҳбари пешини Шӯрои ассосиатсияи футболи Аврупо-УЕФА ба гумони даст доштан дар фасод боздошт шуд.

Бино ба гузориши нашрияи бритониёии Independent, субҳи 18 июн пулиси Фаронса Мишел Платиниро дар минтақаи наздики шаҳри Париж дастгир кардааст.

Боздошти раҳбари пешини Шӯрои ассосиатсияи футболи Аврупо дар чорчӯби бозрасии омилҳои фасод ё коррупсия дар интихоби маҳали баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 сурат гирифтааст. Ин мусобиқот соли 2022 дар Қатар баргузор мешавад.

Дар мавриди ин масъала дар муддати ду сол Федератсияи ҷаҳонии футбол-ФИФА тафтишот гузаронд ва билохира, чунин иддаоро рад кард.

Мишел Платинӣ моҳи декабри соли 2015 ба муддати 8 сол аз фаъолият дар бахши футбол маҳрум шуда ва ҷаримаи зиёде пардохт кард.Баъдан кумитаи ахлоқи ФИФА айбнома нисбати ӯро бекор карда ва муддати барканорӣ аз футболро то 6 сол коҳиш дод.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner