• Бахтовар Сафаров
  • 24.07.2019
  • 0

Раиси Федератсия ба 5 духтари футболбоз дастдарозӣ кардааст

Парвандаи озори ҷинсии варзишгарзанони афғон ба додгоҳ рафт.

Тавре хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул иттило медиҳад, моҳи гузашта Киромуддин Карим, раиси пешини Федератсияи футболи Афғонистонро бо ҷурми сӯистифода аз вазифа ва таҷовузи ҷинсӣ ба панҷ футболбоздухтар барои ҳамеша аз фаъолиятҳои варзишӣ маҳрум карда буд.

Киромуддин Карим

Дар баёнияи ФИФА омада буд, ки Карим тули солҳои 2013 то 2018 бо ҳамроҳи чанд тани дигар, панҷ футболбоздухтарро мавриди таҷовуз ва озору азияти ҷинсӣ қарор додааст.

Ӯ аз ҷониби ФИФА аз тамоми фаолиятҳои марбут ба футбол дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ маҳрум шудааст.

Ҳукми ФИФА дар бораи чор аъзои дигари Федератсияи футболи Афғонистон, ки бо бӯҳтони шабеҳ рӯ ба рӯ буданд эълон нашудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner