Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суарес тарки “Барселона” кард

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи футболи “Барселона” — Денис Суарес корномаи варзишиашро дар “Селта” идома медиҳад.

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи футболи “Барселона” — Денис Суарес корномаи варзишиашро дар “Селта” идома медиҳад.

Дар ин бора дафтари матбуоти бошгоҳи каталонӣ хабар додааст. Маблағи гузариши Денис ба “Селта” 12,9 млн евроро ташкил медиҳад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки шояд Суарес ба “Валенси” гузариш кунад. Аммо худи футболбоз “Селта”-ро интихоб намудааст. Дар мавсими гузашта, Суарес дар ду бозии “Барселона” вориди майдони рақобат шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мавсими гузаштаро Денис ба ҳайси иҷора дар “Арсенал” сипарӣ намуда буд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.