• Mardon
  • 08.10.2019
  • 0

Варзишкори ӯзбек пас аз муҳориба дар Грозний ҷон дод (видео)

Варзишкори ӯзбек дар риштаи муҳорибаҳои омехта (ММА) Бекзод Нурматов пас аз рақобат бо варзишкори рус Беслан Исоев дар мусобиқаи шаҳри Грозний, ки 4 октябр баргузор шуд, аз олам даргузашт.

Ҷасади Нурматовро 8 октябр ба ватан оварданд. Бекзод дар мусобиқаи «Absolute Championship Akhmat 100» дар Чеченистон аз рақибаш Исоев бо хол шикаст хӯрда буд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони мусобиқа, Нурматов дар охири муҳориба худро аз зарбаи сахте натавонист ҳимоят кунад. Пас аз поёни муҳориба вазъи сиҳатии Нурматов бад шуда, ӯро ба беморхона интиқол доданд. Пас аз се рӯзи беҳушӣ, шаби якшанбе ба душанбе даргузаштааст.

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба наздикони варзишкор иттилоъ дод, ки ҷасади Нурматовро рӯзи сешанбе ба ватан интиқол медиҳанд ва худи ҳамон рӯз ба хок супорида хоҳад шуд.

Нурматов 27 сол дошта, дар 13 муҳориба 11 пирӯзӣ ба даст овардааст. Вазорати дифои Ӯзбекистон Нурматовро ифтихори артиши ин кишвар номид. Варзишкори ӯзбек солҳои ахир дар яке аз бошгоҳҳои муҳорибаи омехтаи Санкт-Петербург тамрин мекард.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner