Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳоҷӣ Ҳасан дар қабристон хона сохту мурдҳо дар кӯча монданд

Дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом мардум намедонанд, мурдаҳояшонро дар куҷо гӯронанд, зеро қабристонбон Ҳасан Имомқулов дар заминҳои гӯристон барои фарзандонаш 4 ҳавлӣ бунёд кардааст.

Забти гӯристон

Дар қабристони мазкур, ки Таги мадраса ном дорад 8 маҳалла — Ободон, Таги мадраса, Роҳи нав, Рӯдакӣ, Сари мазор, Сайфуллоев, Таги тӯда ва Қуруқ наздикони фавтидаи худро мегӯронанд. Аммо солҳои охир гӯр кардани майит мушкили рақами яки ин сокинон аст, зеро Имомқулов Ҳасан — сокини шаҳри Конибодом, ки ба қавли худаш 30 сол боз гӯрбон аст, аз ин “вазифа”-аш истифода бурда, ба се писараш аз се тарафи қабристон 4 ҳавлии истиқоматӣ бунёд кардааст.

Хонаи истиқоматӣ дар қабристон

Сокинони ҷамоати деҳоти Пӯлодон феълан доир ба ин масъала ба мақомоти марбута, аз ҷумла, ба  ҳукумати шаҳр ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ, прокуратураи генералӣ ва дастгоҳи Президент шикоят бурдаанд.

Се писарашро дар қабристон ҷой кард

Дадоҷон Солиев, раиси маҳаллаи Қуруқ доир ба мушкилии пешомада мегӯяд:

-Гӯрбони қабристони Таги мадраса Ҳасан Имомқулов, ки дар байни мардум ҳамчун Ҳоҷӣ-Ҳасан маъруф аст, бо баҳонаи қабрбонӣ барои се писараш гӯристони ҷамъиятиро худсарона аз худ карда, хонаҳои  истиқоматӣ бунёд кардааст.  

Охир ҳоҷӣ бошад, магар аз Худо наметарсад, ки чунин ҷойи покро ғасб  ва  мурдаҳову соҳибонашро овора мекунад? Бигзор гӯрбон бошад ва барои худаш ҷойи муайянро ишғол кунад, аммо  се писараш бо аҳли оилааш ва набераву наберакелинҳояшро бурда, дар қабристони танг 4 ҳавлӣ  созонданаш “болои мурда сад чӯб” аст. Ман фикр мекунам беинсофӣ ва чашмгуруснагӣ аз ин зиёд намешавад.

Барои ҳалли ин мушкилот мардуми  8 маҳалла ба ҳамаи ниҳодҳои маҳаллӣ ва шаҳрию  вилоятӣ ва ҳатто то дастгоҳи Президент   муроҷиат кардем. Илова бар ниҳодҳои номбурда, ба мақомоти Прокуратураи  генералӣ нома кардем. Прокуратураи генералӣ қазияро ба Прокуратураи шаҳрӣ вогузор кард. Бо сарварии намояндаи мақомоти Прокуратураи шаҳр А. Табарзода гурӯҳи махсус ташкил шуда, бо аҳли маҳаллаҳо дар ҷояш санҷиш гузаронида шуд. Аммо…

Сагҳо гӯрро кофтаанд

Ҳамлаи писари Ҳоҷӣ

Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки аз 4 ҳавлие, ки Ҳоҷӣ дар дохили қабристон бунёд кардааст, як ҳавлӣ, ки масоҳаташ  0, 7 га заминро ташкил медиҳад ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоштааст. Илова бар ин, ибодатхонаи қабристон, ки Имомқулов ба хонаи истиқоматияш ҳамроҳ карда буд, ғайриқонунӣ ғасб карда шудааст.   

“2-юми ноябр дар вақти иҷроиши амри прокурор дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳукумати шаҳр- Ғаффорзода А., Ёдгорзода Ф., заминсоз Раҳимов Ш., ва беш аз 70 нафар сокинони маҳаллаи зикршуда ба қабристон рафтем.

Аммо Имомқулов  шурӯ мағал бардошта,  намояндагони маҳаллаҳоро зери борони ҳақорат қарор дод. Писарони Ҳоҷӣ дар ҳузури шахсони зикршуда ба мо часпиданд. Яке аз писарони ӯ — Ҳайдар  дар ҳолати мастӣ бо досткалла ба ман ҳуҷум кард ва маро зада афтонд. Қариб буд сарамро мебурид,  ду муовини раиси шаҳр, заминсоз, архитектор ва чандин сокинон шоҳиди ҳол буданд, аммо  ягон чора нисбати онҳо наандешиданд” – мегӯяд, Дадоҷон Солиев, раиси маҳаллаи Қуруқ.

Роҳрави танги қабристон

Ҳоҷӣ: Раиси ҷамоат хона сохтан гир гуфт…

Вақте ба қабристони Таги мадраса рафтем, чанде аз сокинон ба кӯчонидани хонаҳои истиқоматии дохили қабристон машғул буданд. Дар  курсичае дар офтобрӯя мӯйсафеде менишаст ва гӯё кори коргаронро назорат мекард.

Пас аз суҳбат маълум шуд, ки мӯйсафед Ҳасан Имомқулов буда, яке аз хонаҳояшро аз дохили қабристон кӯчонида истодааст.

“30 сол гӯрбонӣ кардам, аммо ба қадри меҳнати 30 — солаам нарасиданд. Ин ҷо хонаҳоро кӯчонида ба мурдаҳо ҷой карда истодаем, яъне гӯристонро васеъ карданием…”- гуфт мӯйсафед.

Сабаби дар дохили қабристон бунёд кардани ҳавлиҳоро Ҳасан Имомқулов чунин шарҳ дод: “20-25 сол пешраҳматии раиси ҷамоат Иномов маро дилпур кунонида гуфта буд: “Ҳоҷӣ хона пӯшидан гиред, ягон проблема намешавад. Мо ҳам бовар карда, сарфу харҷ карда, хона бунёд кардем, вале сокинони маҳаллаи Қуруқ аз болоямон шикоят карданд… Мо ҳамасола 160-170 сомонӣ андоз месупурем. Ин хонаҳо даркорӣ буд, аммо сокинон нахостанд”

Ҳам мурдаҳо сарсону ҳам мурдадорон

Журналист Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, сокини ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом, ки аз қазия пурра огоҳ аст, гуфт:

-Дар ин бора ба мақомоти шаҳри Конибодом ва дигар масъулон дар вилояти Суғду ҳукумати марказӣ нома фиристода, аммо ҳанӯз ҷавоби мусбат нагирифтаем.

Чанде пеш дӯсти наздики ман Мақсуд Ҳакимов, ки дар НБО-и “Роғун” ба ҳайси инжинер кор мекард, вафот кард. Васияти ӯ ин буд, ки ӯро дар қабристоне, ки падараш — Арбоби давлатӣ, Ҷумъа Ҳакимовро  гӯронида буданд, ба хок супоранд. 

Аммо аз сабаби дар қабристони “Таги мадраса” ҷой набудан ӯро ба  гӯристони Тезгузари маҳаллаи Тезгузари шаҳр  гӯронидем.  Ҳоло дар 8 маҳаллаи ҷамоати Пӯлодиён набудани ҷой барои мурдаҳо мушкили  № 1 шудааст. Зеро касе мурд, наздиконаш аз пайи ёфтани ҷой барои дафн мешаванд. Яъне, мурдаҳову зиндаҳои сарсонанд.

Гӯрбизнес

Дар рафти суҳбат чанде аз  сокинони маҳаллаҳои зикршуда изҳори нигаронӣ карданд, ки  қабристони Таги мадраса аз ҷониби гӯрбон -Ҳасан Имомқулов монополия шудааст. Дар як қабристон 4 ҳавлиро қонунию ғайриқонунӣ бунёд карданаш як тараф, вале номбурда қабрҳои пешакӣ кофташудаи холиро ба манбаи бизнес табдил додааст.

Албатта, асри мо асри иқтисоди бозаргонист, аммо “Гӯрбизнес”-и Конибодом намуди наву нангини савдо аст, ки боиси сарсонии мурдаҳо ва серсарфу харҷ шудани ҷанозаи наздикони онҳо гаштааст.

Умедворем, ки мақомоти марбута ба ин мушкили сокинон расида “қилро аз хамир ҷудо мекунанд”.

Вагарна, айб аст, ки зӯри як ҳукумати шаҳр ба як гӯрбон нарасад…

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Конибодом- Хуҷанд

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.