Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳалокати ронанда дар садама

Дирӯз дар пойтахти кишвар ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Сиело» бо сабабҳои номаълум ба симчӯби канори роҳ бархӯрда, ба ҳалокат расидааст.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 6 ноябри соли 2019, тахминан 08:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Сиело», Халилов Аҳмадҷон Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1957, сокини кӯчаи Гастеллои шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат кардан бо кӯчаи Гастелло аз самти ҷамоати деҳоти Россия ба самти кӯчаи Мастонгулов, бо сабабҳои номаълум ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, худи ронанда Халилов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, — омадааст дар иттилоия.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.