Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳавои имрӯз боронӣ мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон меборад.  

Тавре Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона  4+9  дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28 дараҷа хунук ва рӯзона  3-8 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.  Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва   рӯзона    3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  дар назар  буда, борон меборад.  Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон  меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6  ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5+10 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок  шуда, борон меборад.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.