• Administrator
  • 21.12.2018
  • 0

0404 мушкилотатонро ройгон ҳал мекунад

Роҳандозии технологияи муосир дар истеҳсолот яке аз воситаҳои муҳимтарини беҳтар намудани сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ба муштариён маҳсуб ёфта, роҳбарияти Ширкати «Помир Энерҷӣ» ба ин масъала диққати махсус зоҳир мекунад.

Танҳо солҳои охир дар натиҷаи ворид намудани технологияҳои нав дар истеҳсолот роҳбарияти ширкат тавонист масъалаҳои бисёреро, ки чанд сол қабл барои пешрафти истеҳсолот ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба муштариён мушкилот эҷод менамуданд, ҳал намояд. Насби таҷҳизоти нави замонавӣ дар хатҳои интиқоли барқ, оғози сохтмони хатҳои баландшиддати барқии 110 кВт дар самти Рӯшон, Ишкошим, Танг, ба шабакаи марказии “Помир Энерҷӣ” пайваст намудани неругоҳҳои хурди барқи обии “Намадгут”, “Шуҷанд”, “Андарбак” ва ғайра метавонанд ин фикрро тасдиқ намоянд.

Айни ҳол дар қаламрави вилоят аз тарафи ширкат дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лоиҳаҳои калонҳаҷми ба талаботи стандарти байналхалқӣ ҷавобгӯ дар бахши истеҳсолу интиқоли қувваи барқ мавриди татбиқ қарор дода шудаанд, ки бешубҳа, дар ояндаи наздик вазъияти таъмини қувваи барқ ва дар ин замина хизматрасониро боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.

Дар ширкат Маркази муроҷиати шаҳрвандон таъсис  дода шуд, ки он ҳам барои боз беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён равона шудааст. Бо амалӣ шудани ин барнома дар марҳилаи аввал ахбороти зарурӣ ва суроғаи муштариён (рақами телефонҳо, суроғаи ҷои зист ва ғайра) ҷамъоварӣ карда шуда, ба базаи маълумотии маркази зикршуда дохил карда шуд. Бо фаъол гардидани ин марказ тамоми муштариёни ширкат имкон пайдо намуданд, то  тавассути телефони боварӣ (горячая линия) ба рақами кӯтоҳи 0404 ба таври ройгон занг зада, бо мушкилоти худ ба Маркази муроҷиати шаҳрвандон муроҷиат намоянд.

Муштариён метавонанд ҳамаи масъалаҳоро, чӣ аз қисмати техникӣ ва чӣ аз қисмати тиҷоратӣ пешниҳод намоянд. Агар ҳалли масъала дар ваколати кормандони ин марказ бошад, онҳо метавонанд ба муштариёни муроҷиаткунанда ҷавоби қонеъкунанда диҳанд. Дар ҳолатҳои дигар кормандони он масъаларо ба мутахассисон ва кормандони мутасаддии ширкат ирсол намуда, ҳалли онро дар муҳлати муқарраркардашуда зери назорат мегиранд. Кормандони марказ қарори қабулшударо аз рӯи масъала ҳам ба муштарӣ ва ҳам ба роҳбарияти ширкат дар ҳисоботҳои ҳаррӯза, ҳарҳафтаина ва ҳармоҳа пешниҳод менамоянд.

Маркази муроҷиати муштариён ин яке аз сохторҳои муҳими Ширкати «Помир Энерҷӣ» ба ҳисоб рафта, ба воситаи он ҳаҷми калони маълумот дар намуди зангҳои телефонии воридотӣ ва содиротӣ қабул ва интиқол дода мешаванд. Ғайр аз ин, дар асоси ин маълумотҳо роҳбарияти ширкат арзу дархост ва муроҷиати муштариён ва кормандони Ширкатро қабул ва онҳоро таҳлил намуда, барои ҳаллашон дар асоси супоришоти мушаххас, дар муҳлати муайяншуда чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки маркази зикршуда, инчунин тамоми рафти истеҳсолот ва хизматрасониро зери назорат гирифта, ҳамчун ҳамоҳангсоз дар байни сохторҳои гуногуни ширкат фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад. Ҳамзамон ба сифати хизматрасонӣ, иҷрои корҳои таъмиру сохтмонӣ, сари вақт бартараф кардани садамаҳои рухдода ва камбудиҳои ҷойдошта диққати махсус дода мешавад. Дар ниҳояти кор ин бояд боиси баланд шудани сатҳи интизоми меҳнат ва истеҳсолот дар корхона гардад. Дар баробари ин Маркази муроҷиати шаҳрвандон ҳамчун сохтори ҳамоҳангсоз байни ширкат, муштариён, ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ маҳсуб ёфта, дар расидан ба мақсади ниҳоии муассиса — таъмини хизматрасонии сифатан беҳтар ва муфидтар ба муштариён ҷаҳду талош менамояд.

Раззоқ Давроншоев,  роҳбари Маркази муроҷиати шаҳрвандони Ширкати  “Помир Энерҷӣ”

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner