Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

1 март – интихобот дар Тоҷикистон

Дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми декабр, интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо рӯзи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад.

Инчунин, интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 1 март гузаронида хоҳад шуд.

Дар асоси фармони Президент, интихоби вакилони Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон рӯзи 27-уми марти соли 2020 баргузор мешавад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки 22 нафари онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ва боқимонда аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Палатаи болоии порлумон Маҷлиси миллӣ 33 вакил дошта, 8 нафари онҳоро Президент таъин мекунад.

Қарор аст, ки соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ низ баргузор шавад. Санаи баргузории интихоботи президентӣ маълум нест.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.