• Бахтовар Сафаров
  • 08.10.2019
  • 0

10,5 млн доллар барои таъмири нақби “Истиқлол”

Мақомоти тоҷик ва эронӣ ба мувофиқа расидаанд, ки бархе тарҳҳои ниматамоми Эрон дар Тоҷикистон, монанди нақби «Истиқлол» (Анзоб)-ро, ки насби таҷҳизоти он такмил нашудааст, бо ҳамкории якдигар ба итмом расонанд.

Бояд зикр намуд, ки ин мавзӯъ дар мулоқоти Ризо Ардакониён бо Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Теҳрон, матраҳ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, ин сафар бар асоси тамоюли ҳар ду кишвар барои фаъолияти бештари Эрон ва ширкатҳои паймонкорӣ ва машваратии Эрон дар Тоҷикистон, сурат гирифтааст.

Муовини вазири энергетикаи Эрон ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ки маблағи ин тарҳҳо 10,5 миллион доллар мебошад, ки ба таври 50-50 дарсадӣ байни ду кишвар иҷро хоҳад шуд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки ин тарҳҳо ниматамом то соли 2020 ба анҷом расанд. Нақби муҳиме, ки сохтмонаш солҳои тӯлонӣ идома кард, вале ҳанӯз ҳам системаи ҳавокашии муносиб ва рӯшноӣ надорад.

Нақби “Истиқлол”-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд. Аммо нақби мазкур солҳои тӯлонӣ як роҳи торику хатарнок ва ноҳамвор барои нақлиёт буд ва баъд аз тармиму таҷдиди тӯлонӣ дар соли 2011 роҳашро ҳамвор ва обашро хушк карданд.

Эрон, ки бо Тоҷикистон дар чанд соли пеш робитаҳои хуб дошт, ду тарҳи бузург, аз ҷумла нақби «Истиқлол» ва неругоҳи «Сангтӯда-2» –ро амалӣ кардааст. Айни замон ду тараф баъди робитаҳои сарди сесола, ба ҳам наздик мешаванд ва дар тобистони имсол раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон сафар кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner