• Бахтовар Сафаров
  • 09.07.2019
  • 0

1600 сомонӣ … музди далла

Дирӯз дар пойтахти кишвар занеро бо гумони даллагӣ боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Тавре манбаъ таъкид мекунад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 21-солаи сокини кӯчаи Айнии пойтахт бо гумони даллагӣ дастгир карда шуд. 

“Номбурда, санаи 8 июли соли 2019, шаҳрвандон: марди 29-сола ва зани 28-солаи сокинони ш.Душанберо барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон шинос намуда, аз онҳо 1600-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст», — омадааст дар иттилоия.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner