• Бахтовар Сафаров
  • 25.04.2019
  • 0

19 млн кӯдак иммунизатсия нашудааст

“Ҳарчанд эмгузаронӣ дар кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ шуда бошад ҳам, вале то имрӯз 19 миллион кӯдак иммунизатсия нашудааст. Ин маънои онро дорад, ки бемориҳои ба монанди сурхча, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ хатари гирифторшавӣ дорад.”

Марта Эйвера, намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар як нишаст, ки бахшида ба “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия” дар ҷаҳон ва Тоҷикистон мебошад,  бо рӯзноманигорон суҳбат намуда,  афзуд, ки дар миёни 53 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон низ аъзои он мебошад. Аз соли 2005 инҷониб ҳафтаи иммунизатсия таҷлил карда мешавад. Мақсади баргузории чунин маъракаи бузург зиёд кардани фаҳмишу дарки аҳолӣ дар хусуси бемориҳое, ки ба воситаи иммунизатсия пешгирӣ карда мешаванд, мебошад. Иммунизатсия одамонро аз беморишавӣ ва маъюбшавӣ эмин медорад.

Хонум Марта сироятшавӣ ба бемории сурхаконро хатари калон номид. Зеро соли 2018 он дар минтақаҳои Аврупо ба қайд гирифта шуд, ки он то соли ҷорӣ давом карда истодааст.

Аз 23 то 30 — уми апрел “Ҳафтаи аврупои иммунизатсия” таҳти шиори  “Пешгирӣ кардан, муҳофизат намудани иммунизатсия кардан” гузаронида мешавад. Аз соли 1980 ТУТ дар якҷоягӣ бо  ЮНИСЕФ маъракаи иммунизатсияро ба роҳ мондаанд. Фарогирии маъракаи миллии эмгузаронӣ, яке аз нишондоди муваффақ мебошад.  Зеро он барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятии сурхча, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ равона шудааст.

Умарзода Саида, муовини вазири тандурустӣ ва ҳафзи иҷтимоии аҳолии ҶТ вобаста ба гирифторшавии бемории сурхакон дар кишварҳои Аврупо изҳори назар намуда, ёдовар шуд, ки соли 2017 низ дар кишвари мо дар байни кӯдакон  бемории сурхча доман паҳн карда буд.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкори бо шарикони рушд иммунизатсияи иловагиро ташкил намуд. Ба ғайр аз ин дар 9 ноҳияи наздисарҳадии кишвар эмкунӣ вобаста ба бемории фалаҷро иловатан дар байни  кӯдакони аз 1 то 9 сола гузаронид. 

Зайнаб-Ал-Азавӣ,  намояндаи Хазинаи кӯдакон ЮНИСЕФ  вобаста ба «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» қайд кард, ки дар давоми 70 соли фаъолият эмгузаронӣ яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Иммунизатсия яке аз тарзҳои пешгирии бемориҳо маҳсуб меёбад. Дар баробари пешгирии бемориҳои гуногун сатҳи камбизоатӣ паст шуда, вазъи иқтисодӣ беҳтар мегардад, ки барои рушди кишвар масъалаи муҳим мебошад. Ҳар як кӯдак ҳуқуқи зинда мондан ва эмин доштан аз бемориро дорад.

Дар айни замон тақрибан 75 дарсади ваксинаҳо бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ харидорӣ карда мешавад. Тоҷикистон ба даҳ намуди ваксинаҳо дастрасӣ дорад ва дар тамоми муассисаҳои тандурустии минтақаҳои кишвар иммунизатсия ройгон  гузаронида мешавад.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то 30 солагии Истиқлолият 560 адад муассисаҳои тандурустиро барқарор карда, бо таҷҳозоти зарурӣ таъмин намояд, то ин ки дар деҳаҳо хизматрасониҳои тиббӣ дастрас гардад.

Маҳинаи Давлат  

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner