• Шаҳло НИЁЗОВА
  • 09.03.2017
  • 2

2 садамаву ҳафт тобут

8-уми марти соли 2017, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” марди 27-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи ронанда, марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бармехӯрад.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” ва мусофирони он: зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 55-сола ва зани 56-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”: зани 56-сола ва писарбачаи 7-солаи сокинони ноҳияи Данғара ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофири дигари автомашинаи мазкур, марди 80-солаи сокини ноҳияи Муъминобод ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиашон бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар ин рӯз, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри” марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи “Дӯстии халқҳо”, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, зани 56-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодисаҳои зикргардида идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Тохири Панчи:

    Албата ин хело ҳам ҷои таасуфаш аст чун,ки бисёре аз ҷавонони мо имруз шаҳодатномаҳои ронандагиро нохонда мехаранд ба миқдори хело ҳам пули калон масалан дараҷаи,,В»айни замон ба 1800 то 2100 сомониро ташкил медиҳад хуб мешуд агар дар О.К.Т (Омӯзишгоҳои касби техники)хонда соҳиби шаҳодатномаи ронандаги мешуданд.

  • Джоник:

    Дуруст дустам худут амраи мабарин права надори чии ика зики бад шидай

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner