• Бахтовар Сафаров
  • 01.07.2019
  • 0

25 июл – сафари аввали зоирон

Аввалин гурӯҳи зоирон дар мавсими «Ҳаҷ-2019» ба шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина 25 июли соли равон ба сафар мебароянд.

Тавре намояндаи Кумитаи дин хабар дод, ҳоҷиёни тоҷик ба чанд гурӯҳ тақсим шуда, давоми даҳ рӯз ба Ҳаҷ хоҳанд рафт.

Шумораи ҳоҷиёни тоҷик имсол беш аз 6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ наздики 6 ҳазор нафар озими Ҳаҷ шуда буданд.

Имсол дар Тоҷикистон мисли ҳарсола арзиши сафари Ҳаҷ қариб ба 2 ҳазор сомонӣ гарон шуд. 

Арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар дар ин сол 35 ҳазору 128 сомониро ташкил хоҳад дод, ки соли гузашта он 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медод.

Ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷ шомил мебошад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner