• Маҳинаи Давлат
  • 31.05.2018
  • 0

31 май: Дар чор моҳ 5 240 тамокукаш ҷарима шуданд

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди тамоку дар Маркази маҳзани маълумотӣ  нишасти матбуотӣ баргузор гашт. Дар ин нишаст Мирҳамуддин Камолзода, Муовини вазири тандурустӣ ва ҲИАҶТ, Дилшод Холмуродзода, намояндаи ВКД, намояндагони ВАО ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок доштанд.

Мирҳамуддин Камолзода, қайд кард, тибқи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ)  кишвари мо дар байни кишварҳои ИДМ ҷои 9 ва дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷои 3 оид ба истеъмоли  тамоку  ишғол мекунад. Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта моҳи январи соли 2018 Қонуни ҶТ “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” ба тавсиб расид. Баъдан ба ин қонун тағирот ворид карда шуд, ки яке аз он истифодаи нос мебошад,  ки дар дохили биноҳои таълимӣ, тандурустӣ, ҷамъиятӣ манъ карда шуд.

 

Игор Поканаев, намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон гуфт, ки мутаассифона истифодаи тамоку ба як қатор бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни саратон ва дилу рагҳо оварда мерасонад. На танҳо нафароне, ки тамоку мекашанд, балки нафароне, ки дуди сигор ё дигар намудҳои тамоку, ки дуд доранд, нафас мекашанд, ба чунин бемориҳо гирифтор шуданашон аз эҳтимол дур нест. Номбурда ҳамчунин қайд намуд, ки “Директори генералии ТУТ барои  пешгирифтани чунин як сиёсати хирадмандона ва қабули қонун, ки барои солимии аҳолӣ муҳим мебошад, туҳфа ва сипоснома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд, ки муддати рӯз онро хоҳем супурд.

 Дилшод Холмуродзода, намояндаи ВКД ба саволи хабарнигори сомонаи “tajikistantimes.com” кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон оиди иҷроиши талаботи қонуни мазкур як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Тибқи моддаҳои 286, қ 4, 291 қ. 1, 463, қ 3, 463 прем1, прем 1 кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ нисбати  нафароне, ки моддаҳои зикр гардидаро вайрон мекунанд, протокол тартиб дода мешавад. Дар 4 моҳи аввали соли 2018,  тақрибан  5 240 нисабти нафарони вайронкунандаи қонуни мазкур протокол тартиб дода шуд, ки аз онҳо ба миқдори 249 025 сомонӣ ҷарима ситонида шуда ба давлат супорида шуд.

Тибқи оморҳои мавҷуда ҳамасола аз  истифодаи тамоку дар ҷаҳон зиёда аз 7 000 000 мефавтанд ва 900 000 –и дигари фавтидагон аз дуди сигор ба марг дучор мешаванд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner