• Бахтовар Сафаров
  • 05.02.2019
  • 0

79000-долларро гирифту барнагардонд

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Номбурда, моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор, марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо баҳонаи ба тиҷорат машғул шудан, 79000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ВКД

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner