Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Абдуллоҳ Раҳнамо: Ҳамла ба дидбонгоҳ амали сода нест

Абдуллоҳ Раҳнамо, мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод”-ро  ҳодисаи сода намеҳисобад.

 Ӯ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки дар хатар қарор дорад ва таъкид намуд, ки чунин гуруҳакҳо аз марказҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ идора мешаванд.

Вай дар сафҳаи Фейсбук менависад, “агар ҳоло ба 20 нафари онон убури марз даст дода бошад, он сӯи марз ҳазорони дигар машқ дидаву саф кашидаанд ва бадтар аз ин, ин нерӯи сиёҳ дар муқобили давлату давлатдории мо аз марказҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ идора ва самт дода мешавад”.

Раҳнамо мегӯяд, чунин гурӯҳакҳо дар алоҳидагӣ дар баробари нерӯи давлати Тоҷикистон ҳеҷанд, аммо тавону таҷрибаи пуштибонони онон басе бузургтар аз инанд ва худи терроризм як сиёсати калони қудратҳои ҷаҳонӣ ва як барномаи васеи фароминтақавист.

Мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ин ҳамларо паёми ошкор ва ҷиддӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон меҳисобад ва мегӯяд, “ту, оилаат, падару модарат, хонаат, деҳаат, шаҳрат, ватанат, миллатат, давлатат, озодият, истиқлолиятат, забонат, фарҳангат, тамаддунат дар хатар аст!”. Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, ҳамла паёми “бадхоҳони ватану миллати мо” аст, ки “ҳанӯз бо ҳастии миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва зиндагии озоди мо оштӣ накардаанд, ҳануз дар пайи нақшаҳои нопоки худанд ва бо ин ҳадаф якеро дар Шарқ пеш андохтаанду дигареро дар Ғарб”.

Раҳнамо  аз мардуми кишвар даъъват кардааст, ки “дар чунин соати ҳассос ҳамаи мо, новобаста аз синну сол, касбу кор ва мавқеи сиёсию иҷтимоӣ бояд дар атрофи ватан, давлат, ормонҳои миллӣ ва муҳофизони ҷонбаркафи он муттаҳид бошем”.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ҳамлаи мазкурро гуруҳи террористии ДОИШ анҷом додааст, ки 3 ноябр марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур карда, ба ҳадафи ба даст овардани силоҳ ба дидбонгоҳи марзӣ ҳамлаи ноком анҷом додааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.