• Mardon
  • 22.06.2019
  • 0

Аэродромҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳифозат мешаванд

Дар фурудгоҳҳои низомии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба манзури муҳофизат аз ҳавопаймоҳои низомии бидуни сарнишин низомиёни рус Гурӯҳҳои сайёри муборизаи радиоэлектронӣ таъсис додаанд.

Дар ҳар гурӯҳ 20 нафар низомӣ шомил шудаанд.

Маркази матбуоти Округи марказии низомии Русия рӯзи 21 июн хабар дод, ки дар ин гурӯҳҳои сайёр маҷмааҳои муборизаи радиоэлектронии «Житель», «Силок» ваи «Лесочек» шомил ҳастанд, ки ҳаракати ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро назорат мекунанд.

Ҳамчунин, дар пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон машқҳои шабона ва рӯзонаи хунсо кардани ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии бидуни сарнишин анҷом мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner