Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Афзалшоҳи Шодӣ бо кӯмаки “Ориёнбонк” мудово шуд

Афзалшоҳи Шодӣ, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон баъди табобати дубора, ки дар Олмон қарор дошт, ба Ватан баргашт.

Афзалшоҳи Шодӣ, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон баъди табобати дубора, ки дар Олмон қарор дошт, ба Ватан баргашт.

Вай дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Оила” ба раиси “Ориёнбонк” изҳори сипос намуда ва гуфт, ки ҳангоми муолиҷа дар Олмон аз тарафи ин бонк кумаки молӣ дарёфт кардааст.

Ҳамчунин, сароянда афзудааст, ки дӯстони наздикаш бисёр ба хабаргирӣ меомаданд.

“Дӯстони дурам бошанд, қариб ҳар рӯз занг зада, аз ҳолу аҳволам пурсон мешуданд. Инчунин, сафоратҳои Тоҷикистон дар Аврупо, сафири Тоҷикистон дар Брюссел ва намояндаҳо дар Фаронса, Ҳолланл, Шветсария ва дар худи Олмон низ. Ҳамаи инҳо аз ҳоли ман бохабар буданд. Одамҳояшонро ба назди ман равон меарданд. Ҳатто пурсиданд, ки “Чӣ хизмат кунем? Чӣ амру супориш ҳаст?” Ман гуфтам, ки “Аз ҳамаатон миннатдорам. Ҳамин пурсиданатон барои ман як давла аст, чунки ин пурсиданҳо ба ман як қувваи тоза мебахшид”. Ва албатта дастгирии бевоситаи ҷамъияти кушодаи “Ориёнбонк”- и Тоҷикистон. Ҳасан Асадуллозода, раиси муҳтарами ин бонк бисёр ба ман кумак карданд” — таъкид мекунад санъаткори маъруфи тоҷик.

Зимнан, Афзалшоҳи Шодӣ бо иллати дарди меъда ду маротиба ба Олмон сафар карда, се ҷарроҳиро паси сар намуда ва ба Ватан саломат баргашт. Интизор меравад, ки Афзалшоҳи Шодӣ рӯзҳои наздик бо барномаҳои консертӣ ба шаҳрҳои Панҷакенту Исфара, Истравшан ва Хуҷанд сафар кунад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.