Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Афзоиши ҷиддии қарзи берунии Тоҷикистон

Қарзи берунии Тоҷикистон аз хатти 50 дарсади Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии (ММД) гузаштааст.

Дар гузориши “Мусоидат ба имконоти рушди Тоҷикистон”-и Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки дар муддати 5 соли оянда Тоҷикистонро лозим аст, 40 дарсади қарзҳои берунии худро пардохт кунад.

Дар ин гузориш далели баякбор боло рафтани мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ба миқдори 500 миллион доллар ба фурӯш баровардани коғазҳои қимматноки аврупоӣ барои сармоягузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” марбут хонда шудааст.

Қарздиҳандаи аслии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин аст, ки 54,1 дарсади қарзҳои хориҷӣ ва ҳудуди 80 дарсади қарзҳои дуҷониба бо ин кишварро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати молияи Тоҷикистон мизони қарзҳои хориҷии кишварро ба 36 дарсади ММД баробар хондааст.

Бино ба маълумоти ин вазорат, Ҳукумати Тоҷикистон мақсад дорад дар соли 2019 аз созмонҳои байналмилалии молӣ ва кишварҳои алоҳида ба миқдори 445 миллион доллар қарз ва кумакҳои билоиваз дарёфт кунад.

Барои пӯшондани қарзҳои беруна дар соли ҷорӣ  Ҳукумати Тоҷикистон бояд 1 миллиарду 211 миллион сомонӣ ё 125,1 миллион доллари амрикоӣ пардохт кунад.

Тибқи пешгӯиҳои Ҳукумати Тоҷикистон, дар охири соли 2020 қарзҳои берунаи кишвар ба 3 миллиарду 327 миллион доллар хоҳад расид.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.