• Бахтовар Сафаров
  • 28.01.2019
  • 0

Қаллобзани судшуда боздошт шуд

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи зодаи ноҳияи Рашт, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, моҳи июни соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор, марди 38-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи 73 ҳазору 380-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ВКД

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner