• Бахтовар Сафаров
  • 24.07.2019
  • 0

Ҳалокати ҳамсари ронанда дар садама

Дирӯз Мирзоалӣ Сабзаалиев ҳангоми ҳаракат аз Данғара ба Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ баромада, ба ҷуқурии 26 метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа ҳамсари ронанда ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 23-юми июли соли 2019, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сабзаев Мирзоалӣ, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ баромада, ба ҷуқурии 26 метр чаппа шудааст.

“Дар натиҷа ҳамсари ронанда, Шарифова Саломат, соли таваллудаш 1955, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, — омадааст дар иттилоия.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner