• Mardon
  • 12.06.2019
  • 0

Амалиёти “Кӯкнор-2019” аз ноҳияи Шуғнон оғоз шуд

Аз рӯзи 1 июни соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон марҳилаи якуми амалиёти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ таҳти унвони “Кӯкнор-2019” шурӯъ шуда ва то 31 август идома хоҳад кард.

Ин навбат кормандони Шӯъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон дар заминҳои бикри ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон зиёда аз 16 ҳазор бех ниҳолҳои бангдонаи худрӯйи навъи ҳиндиро ошкор ва пурра решакан карданд.

Чунин нақша-чорабиниҳо дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2019” дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ анҷом хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар ин чорабиниҳо аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки дар пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир ва дар пойдории солимии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар назар аст, марҳилаи дуюм аз 1-уми сентяб то 30-юми ноябр аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ташкил ва анҷом шавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner