Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Амалиёти “Корд” дар Душанбе бобарор буд (навшуда)

Бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия, ки рӯзи 10 ноябр таҷлил мегардад, хабарнигори “Тоҷикистон” Усмон Раҳимзода бо сардори раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

— Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе давоми як ҳафтаи охир дар пойтахт амалиёти  “Корд”- ро роҳандозӣ кард. Ин  амалиёт ба чӣ хотир буд ва чӣ натиҷа дод?

— Мо вазъи ҷиноят ва содиршавии ҷиноятҳоро дар шаҳри Душанбе таҳлил кардем. Хулоса нишон дод, ки дар бештари ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонон  бо истифодаи корд сурат мегиранд. Сокинони пойтахт ҳам ба таҳлука афтода буданд. Роҳбарияти вазорат ва мақомоти шаҳри Душанбе назди мо масъала гузоштанд, ки дар зудтарин фурсат омилҳои ба чунин ҷиноятҳоро пайдо кунем. Ба ин хотир,  амалиёти  “Корд”- ро роҳандозӣ намудем. Он дар ду марҳила бо иштироки Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, шахсони масъули  таълиму тарбияи фарзанд ва Хадамоти кор бо ноболиғони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои дахлдори раёсат баргузор гашт. Дар амалиёти якум 13 нафарро дастгир кардем.  Дар миёни инҳо ҷавонон ва ноболиғоне буданд, ки бо корд ба мактаб мерафтанд. Дар маҷмӯъ, дар ду марҳила 23 корди финка, электрошоп,  дастпӯшҳои оҳанин аз дасти ҷавонону ноболиғон мусоидира карда шуд.

-Бо чӣ мақсад ин ҷавонон бо худ корд ба мактаб мерафтанд ё ба кӯча мебаромаданд?

— Яке мегӯяд, барои муҳофизати худ,  дигаре бошад, пӯст кандани себро баҳона пеш меорад. Аммо воқеият дар ҷои дигар аст. Онҳо ихтилофи назар ва муноқишаҳоро мехоҳанд бо корд ҳал намоянд. Албатта, баҳсу нофаҳмиҳо байни ҷавонон ҳаст, аммо дар натиҷаи беаҳамиятии волидон ё атрофиён оқибат онҳо даст ба ҷиноят мезананд.

Амалиёти “Корд” дар Душанбе бисёр бамаврид буд ва натиҷаи хуб ҳам овард. Вақте ки як ҷавон дастгир шуд, дар бараш 5 корд дошт. Баъди гузаронидани ин амалиёт, то ҳол ягон авбошӣ ва ҷиноят  тавассути  корд ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин,  дар ин замина мо якчанд вохӯриро бо ҷавонон ва варзишгарони пойтахт доир намудем. Ҳадафи гузаронидани амалиёти “Корд”-ро низ ба онҳо гӯшрас кардем, то ин ки дар ин бора ба дӯстону наздикон расонанд. Дар ин самт ҳоло мо корро идома медиҳем.  

-Амалиёти “Корд” яквақта аст ё пайваста?

-Амалиёт вобаста ба вазъият аст. Мо тасмим дорем,  ки дар ин амалиёт падару модарон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ иштирок кунанд. Баъди гузаронидани  ин амалиёт аллакай ба телефони боварии раёсат занг зада, моро огоҳ мекунанд, ки ҷавоне дар даст корд дорад. Ҳоло моро худи сокинони пойтахт  оид ба ҳар гуна кирдорҳои барои ҷомеа хавфнок хабардор карда истодаанд. Ҳатто омӯзгорону директорони муассисаҳои таълимӣ ба мо занг зада, оид ба ҳодисае  хабар медиҳанд. Умуман, дар як муддати кӯтоҳ амалиёти мазкур  таъсири худро ба вазъи ҷинояткорӣ расонд.  

-Ҳодисае, ки 8 октябр дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  рух дод,  ҷони донишҷӯи тоҷик Дилмурод Фозиловро бо худ бурд. Дар ин куштор донишҷӯи дигар Убайдулло Қурбонов гумонбар дониста мешавад.  Сомонаи www.oila.tj як гузориши махсусеро дар ин замина таҳия карда буд. Заминаи ин  воқеаи хунин чӣ буд?

-Ин муноқиша оғоз аз давраи мактабӣ мегирифт. Вақте дар дохили нақлиёти мусофиркаш ду донишҷӯ савор мешуданд, якдигарро мебинанд. Дар дохили нақлиёт ҷангҷол сар зада, бо корд задан анҷом мепазирад.  Корд ба дили донишҷӯ мерасад ва дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳар ду донишҷӯи як донишгоҳ буданд. Маҳз ҳамин ҳодиса боис шуд, ки амалиёти “Корд”-ро гузаронем. Ягон маротиба амалиёти кордро нагузаронида будем, ин бори аввал аст. Инро вазъият талаб кард ва бояд пеши ин гуна амалҳои нангин миёни ҷавонон гирифта шавад.

-Дар як соли охир чанд ҳодисаи бо корд содир намудани ҷиноят сурат гирифт?

-Дар 4 ҳолат дар байни ноболиғон тавассути корд ҷиноят содир шудааст. Ба воситаи корд  калонсолон ҳам ҷиноят содир мекунанд. Ҳатто авбошӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар муҳити оила, задани корд ба ҳамсар ва дар натиҷа ба марг расонидан ба қайд гирифта шудааст.

-Умуман, вазъи ҷинояту ҷинояткориро  дар шаҳри Душанбе чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҷинояткорӣ дар 57 ҳолат афзоиш ёфтааст. Асосан инҳо аз ҳисоби қаллобӣ ва кирдори ғайриахлоқӣ мебошанд. Зеро мо муборизаро бар зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ дар шаҳри Душанбе пурзӯр кардем. Соли гузашта ягон ҳолат нисбат ба  онҳое, ки дидаю дониста ВИЧ — СПИД — ро паҳн кардан, парвандаи ҷиноятӣ оғоз накарда будем.  Аммо дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба чунин касон 44   парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Ҳоло мо пайваста  вохӯрӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ мегузаронем. 

-Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору ғорат маҳз дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир  мегардад. Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон,  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи мазкур нисбат ба дигар ноҳияҳои пойтахт тамоюли афзоиш дорад. Чаро?

-Ноҳияи Сино яке аз ноҳияҳои калонтарини шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. 37,7 фоизи аҳолии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино зиндагӣ мекунанд. Ноҳияи Сино бештар ҳамсарҳад бо ноҳияи Рӯдакӣ аст. Воқеан таҳлилҳо ҳам нишон додаанд,  ки ҷиноятҳо бештар дар ноҳияи Сино сар мезананд. Махсусан, дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт, ки куштори охирин ҳам дар ҳамин ҳудуд содир шуд. Мо як гурӯҳи махсуси раёсатро ташкил кардем, ки дар ин ҷо фаъолият доранд. Онҳо 4 ҳолати ғоратгарию авбоширо ошкор намуданд.

-Маркази ҳама гуна амалҳои ифротгароиҳо дар дунё пойтахт аст. Дар Душанбе ифротгаройӣ, терроризм, экстремизм ҷой доранд?

-Ҳаст, вале хело  коҳиш ёфтаст. Бо  дастури Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вохӯрӣ бо ҷавонони пойтахт вазъи шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нисбат  ба чанд соли пеш хеле паст рафт. Мо дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳри Душанбе ҳамеша  ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунем. Мисол, чандин маротиба бо сокинони  маҳаллаҳои пойтахт вохӯриро гузаронида, тарзи  одоби шаҳрнишинӣ,  муносибат бо атрофиён ва гирифтани пеши роҳи ҳар гуна амалҳои номатлуб, аз ҷумла, ҷинояткорӣ байни ҷавонону ноболиғонро фаҳмонидем.

-Бо дастури мақомоти пойтахт ҳар рӯзи панҷшанбе дар идораҳои милитсия рӯзи мактаб эълон шудааст ва кормандони мақомот  ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Ҳадаф аз ин иқдом чӣ буд ва чӣ самар овард?

-Ҳолати ҷинояткорӣ  талаб кард, ки ин иқдомро дар мактабҳо ҷорӣ намоем. Дар ҳама муассисаҳои таълимӣ барои ҳамкорӣ аз 3 то 4 корманд вобаста шудаанд. Муаммоҳои дар мактаббударо дар якҷоягӣ ҳал мекунанд. Ҳадаф пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ байни наврасон аст. Онҳо асосан дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон нақш мебозанд.  Баъди ин вазъи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт. Масалан, соли 2018 — ум 247 ҳолати ҷиноят байни ноболиғон ба қайд гирифта шуда буд. Имсол, дар 9 моҳ 172 нафар.

-“Шаҳри бехатар” дар кушодани ҷиноят ба таъмини амнияти мардум чӣ нақше дорад?

-Шаҳри бехатар дар пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳо  нақши калон дорад. Махсусан, дар рух додани садамаҳои нақлиётӣ ҳама гуна баҳсҳо аз байн мераванд. Тариқи навор тамоми ҳолатро ошкор ва муайян менамоем, ки бо айби кӣ садамаи нақлиёт рух додааст? Чандин ҳолати авобоширо ҳам тариқи “Шаҳри бехатар” ошкор намудем. Гузаронидани чорабиниҳоро ҳам тариқи “Шаҳри бехатар” назорат мекунем.

-Соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои ошкорнашуда ба кадом миқдор аст?

— 150 ҷиноят дар шаҳри Душанбе ноошкор монд. Бештари ин ҷиноятҳо дуздӣ аст.

-Аслан, кадом ҷиноятҳоро хоси Душанбе медонед ва сокинон барои ошкор намудани кирдорҳо то кадом андоза мусоидат мекунанд?

-Авбошӣ, дуздӣ, қаллобӣ. Ҷиноятҳои муташаккил нест. Дар Душанбе “рекет” ҳам  нест. Телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсат ҳамеша фаъол аст. Шаҳрвандони кишвар ҳам бетараф нестанд ва моро дар дилхоҳ сар задани ҷиноят огоҳ мекунанд. Шаҳрвандон  амалҳои номатлубе,  ки хоси Душанбе нест, ба навор гирифта, тавассути сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол мекунанд. Аз авбошӣ то вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳу гуфтори дағал, беҳурматӣ нисбати занону духтарон, бетартибӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ. Ҳамаи арзу шикоятҳо сари вақт баррасӣ шуда, тариқи сомона ба самъи мардум расонида мешавад.

-Аз нигоҳи шумо,ҷиҳати  пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва

кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ чӣ мусоидат мекунад?

-Нофаҳмӣ дар оила, шеваи нодурусти таълиму тарбия, баҳсҳои молиявӣ, авбошӣ ва бетарафии фаъолони ҷомеа сабабҳои асосии ҷиноят шуда истодаанд. Падару модар чӣ гуна назорат мекунанд, ки ноболиғ бо корд ва дигар асбобҳои ба саломатии инсон зиёновар ба дарс меравад? Кӣ бояд назорат кунад? Падару модар! Шабона фарзандон дар кӯчаҳо гаштугузор мекунанд, барои чӣ волидон як маротиба аз онҳо намепурсанд? Мо таҳлил кардем, ки қариб 40-50 фоизи ҷиноятҳо дар шаб рух медиҳанд. Баъди 12 то 4-и саҳар.

Маълумотнома

Назарзода Шариф Раҳмон – генерал – лейтинанти милитсия аз 12 декабри соли 2017 сардори Раёсати ВКД дар ш. Душанбе мебошад. Дар вазифаҳои зерин  фаъолият намудааст:

Ваколатдори оперативии гурӯҳи кор бо ноболиғони ШКҶ РКД, ваколатдори калони оперативӣ оиди корҳои махсусан муҳими шуъбачаи мубориза бар зидди нашъамандии РКД, ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШКД, муовини сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД. Сардори Раёсати корҳои дохилии ш. Душанбе. Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РВКД дар вилояти Суғд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.