• Mardon
  • 23.09.2019
  • 0

Ҳамлавар ба ду сарбози Русия боздошт шуд

Масъулони сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр дар иттилоияи расмӣ гуфтанд, ки «гумонбар дастгир ва таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст».

Ҳамла ба ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр иттифоқ афтодааст. Ҳарду тараф мегӯянд ҳодиса замоне рух дод, ки сарбозон «берун аз қисми ҳарбӣ дар дохили шаҳр аз пайи корҳои шахсии худ буданд».

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ТАСС навишт, ду низомии маҷрӯҳро дар Душанбе бистарӣ кардаанд ва вазъи онҳо муътадил аст.

Масъулони сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи якшанбе бо нашри иттилоияи расмӣ гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодисаро ҷиддан пайгирӣ доранд ва бо Фармондеҳии пойгоҳи 201 ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар тамос ҳастанд.

Дар гузашта чанд мавриди ҳамлаи сарбозони пойгоҳи 201-и Русия ба шаҳрандони Тоҷикистон ва ё қатли баъзе афрод ба дасти онҳо сабт шуда буд. Ин сарбозон ба далели бемории рӯҳӣ доштан ва табобату ташхис ба Русия бурда шуданд.

Пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки дар гузашта гуфта мешуд ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон кам кардааст.

Ин пойгоҳ ҳақ дорад, то соли 2042 дар Тоҷикистон бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон дар моҳи феврал пойгоҳи 201-ро «омили муҳими амният дар Тоҷикистон» хонда буд. Аммо айни замон гуфт, Маскав «бо назардошти таҳдидҳои идомаёбанда аз қаламрави Афғонистон» дар навсозӣ ё модернизатсияи нирӯҳои мусаллаҳ ва тақвияти марзи давлатӣ ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Мухолифон борҳо аз ҳузури густардаи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки ба гуфтаи онҳо истиқлол ва тавоноии нерӯҳои кишварро зери суол мегузорад, танқид кардаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner