• Administrator
  • 02.08.2018
  • 0

Ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 1-2 дараҷа паст мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 1-2 дараҷа паст мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +12+17 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шабона +16+18 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner