• Mardon
  • 09.08.2019
  • 0

Ҷасади чор тоҷикистонӣ аз Русия ба ватан расид

Аз ҷумлаи 6 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари садамаи автомобилӣ дар вилояти Рязани Русия ҷон бохта буданд, тавассути ҳавопаймо ба Душанбе мунтақил гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасадҳоро пайвандонашон гирифта бурданд.

Субҳи 6 август дар ҳудуди ноҳияи Сасови вилояти Рязан садамае рух дод, ки дар натиҷаи он 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як духтари 14-сола ҷон бохта, ҳашт тани дигар (ду шаҳрванди Русия) захмӣ шудаанд.

Афроди ҳалокшуда аз 12 то 45 сол доштанд, ки феҳристони онҳо мунташир шуд. Насримова Назира Ҷамшедовна (21.07.2005, ноҳияи Ванҷ), Насримова Гулдона Саодатуллоевна (02.02.1983, ноҳияи Ванҷ), Саидов Абдулло Саидбекович (12.12.1974, ноҳияи Рашт), Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич (08.05.1989, ноҳияи Рӯдакӣ), Халилов Ислом Исмоилович (1974, шаҳри Панҷакент) ва Муллоев Фирӯз Бурҳонович (08.11.1977, ноҳияи Айнӣ).

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner