Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷасади Мансури семоҳаро аз Қумоқ дарёфт карданд

Ҷасади писарчаи 3- моҳаи Хуршеда-Мансурро пас аз ҷустуҷӯҳои дурӯза дар мавзеъи қумоқ пайдо карданд. Вале ҷасади духтарчааш Миноро то ба ҳанӯз пайдо нашудааст.

Бино ба гуфти шахсони огоҳ аз қазия Хуршеда пеш аз оне, ки худро ба дарё партояд ба шавҳараш Ҳасан тариқи Имо сӯҳбат карда гуфтааст, ки худро бо фарзандонаш ба об мепартояд. Ҳангоми сӯҳбат падар бо садои гиряолуд зора кардани духтарчаашро, ки : Очаҷон мана об ба напарто » мегуфт шунида, зуд ба модараш занг мезанад то онҳоро аз лаби дарёи Зарафшон гирад, аммо модари Ҳасан он вақт дар Марғедар набудааст. Вақте наздикон аз ин қазия хабар ёфта, ба ҷустуҷӯӣ Хуршедаву тифлаконаш мебароянд аллакай дер шуда буд.

Айни замон нисбати ҳодисаи мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Бону 18.05.2019 11:46

    Албата дурии шавхар хушунати хонаводаги ба як зан хеле мушкил аст. Аммо сабр намудан лозим… дилам ба холи ду тифлаки бегунох дог барин месузад. Худое ба кулли бандагонат сабру тахаммул ато фармо…..

  2. Anonymous 20.05.2019 15:06

    Бо марг аз муаммо рахои нест. Бояд шахс сабр намуданаш лозим .Рохи начотро ëфтан лозим.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.