• Бахтовар Сафаров
  • 04.09.2019
  • 0

Қаср дар болои…қабр

Оромгоҳи «Сариосиё»-и шаҳри Душанбе соли 1935 ташкил ёфтааст. Дар он шахсиятҳои шинохта, ходимони барҷастаи сиёсию фарҳангӣ ба монанди  Аҳмад Бобоқулов, Раҳим Ҳошим, Аслӣ Бурҳонов, Минҳоҷ Ғуломов, Тӯтӣ Ғаффарова, Салоҳатбегим Айнӣ, Усмон Қурбонов, Турсун Ӯлҷабоев, Мастон Шералӣ, Қаҳҳор Маҳкамов, Ҳоҷӣ Содиқ, Зиёдулло Шаҳидӣ, Меҳрубон Назаров, Ҳилол Каримов, София Тӯйбоева, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Мастибек Тошмуҳаммедов, Суҳроб Қурбонов, Маҳмуд Воҳидов, Кароматулло Қурбонов ва дигарон мадфун мебошанд.

Чӣ хеле ки Зайнолобиддин Назаров — сардори Муассисаи давлатии Раёсати оромгоҳҳои шаҳри Душанбе мегӯяд, манзилҳое ҳастанд, ки соҳиб надоранду ноободанд, мо худ таъмир мекунем.

Наврасон дар қабристон

Дар яке аз рӯзҳои ид назарамон ба гурӯҳи наврасон афтод, ки дар даст белу каланд тоза намудани манзилҳоро пешниҳод менамуданд. Чунин бачаҳо рӯзҳои истироҳат ба манзилҳо омада, ба ивази 5 ё 10 сомонӣ ба тоза намудани қабрҳо машғул мешаванд. Яке аз онҳо, ки Маҳмуд ном дошт, мегӯяд, оилаҳое ҳастанд, ки зиндагиашон вазнин аст ва ин кори худ дар рӯзҳои истироҳат ва вақту соати фориғ аз дарс каме бошад, барои пешбурди рӯзгор саҳми худро мегузоранд.

— Ҳатто милисаҳо омада, моро ҷанг карданд ва гуфтанд, ки дигар ин корро накунем. Вале ин ягон кори бад нест ку, — мегӯяд Маҳмуд.

Масъулини қабристон мегӯянд, наврасон танҳо дар рӯзҳои истироҳат ба ин кор машғуланд ва дар ин синну сол ба меҳнати ҳалол ҷалб гаштани онҳо бадие надорад.

sdr

— Дар оромгоҳи Сариосиё соле беш аз 200 қабри нав пайдо мешавад. Аз шаҳрвандон хоҳиш мекардем, ки ҳар сари вақт ба оромгоҳ омада, ба тоза намудани манзили охирати пайвандонашон машғул шаванд. Зеро масоҳати оромгоҳ хеле бузург буда, штати кори кормандони оромгоҳҳо зиёд нест. Дар ҳудуди шаҳр беш аз 200 гектар қабристонҳо доман паҳн намудааст ва қувваи корӣ низ барои ободонии он кофӣ нест, — мегӯянд масъулин.

Кормандон бо сарулибос ва асбобҳои корӣ таъмин мебошанд. Зиёда аз 300 метри квадратӣ роҳи душворгузари қабристони Сариосиё бо дастгирии шахсони хайрхоҳ мумфарш карда шуда, 250 метр роҳи дигар сангфарш шуд.

Дар суҳбати қабрканҳо

 Маоши қабрканҳо кам аст, вале ин меҳнати сахту сангин мебошад. Ба гуфтаи қабрканҳо, рӯзҳое мешавад, ки пайи ҳам лозим мешавад, се ё чор қабрро кананд. Хусусан  дар рӯзҳои гарму тоқатфарсо ин кори осон нест.

— Ман аслан челонгар ҳастам, вале беш аз се сол аст, ки манзилкоб ҳастам. Кори мо кори савоб аст. Ман панҷ фарзанд дорам. Писарам дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мехонад. Вақте ҷавоне мефавтад, мо хеле зиқ мешавем. Ду рӯз пеш ҷавони 16 — соларо ба хок супоридем. Аз дидани ашки наздиконашон хеле ғамгин мешавем, мегӯяд манзилкан Нодир Валиев.

Манзилкани собиқадор Аваз Азизов, ки собиқаи 20 — солаи корӣ дорад, дар бораи пешаи интихобкардааш мегӯяд:

-Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Аз пешаи интихобнамудаам розиям. Соҳиби панҷ фарзанд буда, сетояшон маълумоти олӣ ва миёна доранд. Дар мавриди қабру марқадҳои бошукӯҳ гуфтаниям, ки ин аз рӯи шариат низ ҷоиз нест. Беҳтар аст, як кори дигари хайру савобе намоянд, ба муҳтоҷ ё ятиме дасти ёрӣ дароз намоянд ва ё дарахте шинонанд.

Қабрҳо бояд якхел бошанд

Ба гуфтаи З. Назаров дар ҳудуди шаҳр 5 оромгоҳ мавҷуд аст. Қабристони «Шоҳмансур» бошад, соли 1936 ташкил ёфтааст ва он низ яке аз калонтарин қабристонҳои ҳудуди пойтахт ба ҳисоб меравад. Соли 2013 дар ноҳияи Сино оромгоҳи «Меҳробод» ташкил шудааст, ки роҳи он пурра мумфарш шудааст. Масоҳати қабристон 74 гектарро ташкил дода, беш аз 20 нафар корманд дорад. Ҳоло дар ин ҷо беш аз 580 қабр мавҷуд аст.

Тибқи қарори Ҳукумат аз моҳи январи соли 2017 дигар бунёди марқадҳои бошукӯҳ ва қасрмонанд иҷоза нест. Ҳоло бояд ҳама қабрҳо якхел бошанд ва роҳбарияти оромгоҳ низ ҳамин тасмимҳоро пеш гирифтааст. Баъзе ҳолатҳо буд, ки сӯхтор низ рух дод, зеро баъзе аз ба зиёратомадагон шамъҳоро низ монда мерафтанд. Инчунин, ҳавои гарм ба ин сабаб мешуд. Вале масъулини оромгоҳҳо барои пешгирии сӯхтор тадбирҳо андешида, ҳавзҳои зиддисӯхторро ташкил намуданд.

  Дар оромгоҳи Марказӣ бошад, ки дар кӯчаи Дӯстии халқҳо воқест, бештар русҳо ва яҳудиён дафн шудаанд. Дар баробари ин, оромгоҳи ходимони барҷастаи илму адабу фарҳанги кишвар- Султон Умаров, Ҳабибулло Назаров, Муҳаммадҷон Қосимов, Носирҷон Маъсумӣ, Мунаввар Шогадоев, Пӯлод Толис, Сирус Баҳром, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Сороҷон Юсупова, Розия Озод, Аловаддин Баҳоваддинов, Абдусалом Деҳотӣ дар ҳамин макон маъво гирифтааст.

Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор…

Ошён гар мегузорӣ дар баландиҳо гузор… Ин мисраъ ба хомаи шоири бузурги миллат Мирзо Турсунзода тааллуқ дорад. Басо рамзист, ки оромгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон  маҳз дар баландиҳо воқеъ аст.

Оромгоҳи «Лучоб» соли 1977 таъсис ёфтааст ва 6,5 га масоҳат дорад. Худи ҳамон сол дар он ҷо Мирзо Турсунзода ба хок супорида шуд. Адибони шинохтаи кишвар Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Ғаффор Мирзо, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, санъаткорони варзида Тӯҳфа Фозилова, Одина Ҳошим, Малика Собирова, Ғаффор Валаматзода, Лутфӣ Зоҳидова, Ато Муҳаммадҷонов ва дигарон дар оромгоҳи бузургон дафн шудаанд. Дар соли 2018 шахсиятҳои шинохтаи кишвар  Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат, Марат Орифов, Раҳим Масов дар «Лучоб» ба хок супорида шуданд.

Мутриба ТӮЙЧИЗОДА,

махсус барои «Тоҷикистон»

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner