• Mardon
  • 07.06.2019
  • 0

Қатъи интиқоли неруи барқ дар баъзе қисматҳои Душанбе

Ба далели иҷрои корҳои таъмирӣ дар хатҳои барқи шаҳри Душанбе ба баъзе аз минтақаҳои пойтахти Тоҷикистон интиқоли неруи барқ қатъ мегардад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти “Шабакаи барқрасонии Душанбе”, имрӯз, 7 июн аз соати 9.00 то 16.00 интиқоли неруи барқ ба кӯчаҳои Л.Толстой, И.Павлов, Саид Носир, А.Қаҳҳоров, Кофарниҳон, Машъал, Н.Махсум, Шамсӣ, Тунис, Ҳисор, Ф. Муҳаммадиев, Б.Ғафуров, Баҳовуддинов, Шапкин, Яккатут, Фалакон, маркази савдои “Саодат” ва микрорайонҳои 82, 101, 102 ва 104 мутаваққиф мешавад.

Аз 15 апрели соли ҷорӣ тибқи нақша ба ҳангоми иҷрои корҳои таъмирӣ дар хатҳои интиқоли неруи барқи шаҳри Душанбе барои чанд соат интиқоли барқ қатъ мегардад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner