• Mardon
  • 03.09.2019
  • 0

Қатъи интиқоли об дар бархе аз қисматҳои Душанбе

Ба далели гузарондани корҳои таъмирӣ интиқоли оби нӯшокӣ  дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муддати як шабонарӯз, аз  соати 22:00 –и  3 сентябр  то соати 22:00- и 4  сентябри соли  равон  қатъ мегардад.

Бино ба иттилои Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, қатъи интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии рақами 3  ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Сино ва хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рабт мегирад.

Раиси шаҳр ҳамчунин  раисони ноҳияҳо ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-ро муваззаф намудааст, ки  дар давраи иҷрои корҳои таъмирӣ бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои беобмондаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш  менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро  барои як шабонарӯз захира намоянд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner