Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Авфи беш аз 1600 маҳкумшуда дар Хатлон

Имрӯз, 1ноябр  аз муассисаи ислоҳӣ ва тафтишотии шаҳри Бохтар 30 маҳкумшуда дар доираи қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” озод карда шуданд.

 Ба иттилои Давлат Тағоев, ёрдамчии прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон дар маҷмӯъ аз муассисаи ислоҳӣ ва тафтишотии шаҳри Бохтар 30 нафар зиндонӣ озод гардиданд. Ӯ гуфт, аз инҳо 18 нафар аз бинои тафтишотӣ, 5 нафар аз бинои маҳкама ва 7 нафар аз хоҷагии ёрирасон мебошанд. Дар миёни озодшудагон ду нафар ноболиғ як зан ва як марди 70-сола низ шомиланд.

Ҳамчунин аз муассисаи ислоҳии сукунатии ноҳияи Дӯстӣ низ беш аз 695 зиндонӣ озод карда шуданд.

Баъди қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” то 1 ноябри соли 2019 танҳо аз муассисаҳои ислоҳӣ ва тафтишотии вилояти Хатлон 1 ҳазору 691 маҳкумшуда озод гардиданд, ки миёни онҳо занон ва ноболиғон низ мебошанд.

Машраби Аловиддин

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.