• Administrator
  • 08.01.2019
  • 0

Ҳаво имрӯз боронист

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш    дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7, инчунин  то 10-12   ва   рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 18-23  ва рӯзона 3-8  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.   Шамол  аз самти ғарб 3-8 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ  ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 7-12  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона   1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона     3-8  дараҷа гарм мешавад. Дар баланкӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона -2+3 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои абрнок шуда, борон меборад.    Ҳаво   шабона 4-6 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner