• Шаҳло НИЁЗОВА
  • 05.03.2019
  • 0

Ҳаво имрӯз офтобист

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 6-11 дараҷа сард  шуда, рӯзона  0-5 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  аз 18-23 то 25- 30 ва рӯзона 3-8  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.     Шамол аз самти шарқ  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8 ва  рӯзона 11-16 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда,  рӯзона 1-6  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10  ва рӯзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона 9-14 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва  рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 4-9 дараҷа  сард шуда,  рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4  ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner