• Administrator
  • 06.03.2019
  • 0

Ҳаво имрӯз офтобист

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 8-13 дараҷа сард  шуда, рӯзона  2-7 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  аз 20-25 то 30- 35 ва рӯзона 2-7  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.     Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8 ва  рӯзона 9-14 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда,  рӯзона 3-8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, дар охири рӯз боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9  ва рӯзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва  рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 3-8 дараҷа  сард шуда,  рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе низ тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3  ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner