• Шаҳло НИЁЗОВА
  • 27.03.2017
  • 1

Ҷавон дӯстдоштаашро кушта сипас оташ зад

Мудири шӯъбаи ташхиси суддӣ-тиббии шаҳри Турсунзода бо гумони додани гувоҳии бардурӯғ дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ин мансабдор куштори як духтари 17-сола дар ҷамоати Сешанберо бардурӯғ ҳамчун худкушӣ санад кардааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки мудири 62-солаи шӯъбаи ташхиси суддӣ-тиббии шаҳри Турсунзода бо гумони додани гувоҳии бардурӯғ боздошт шудааст. Дар хабари нашршуда дар сомонаи расмии вазорат гуфта мешавад, «гумонбаршуда, ҳангоми гузаронидани ташхиси судӣ-тиббии ҷасади духтари 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сешанбе, дидаву дониста, ки ӯ аз захмҳои халандаю буранда ба қатл расонида шудааст, хулосаи бардурӯғи ташхиси суддӣ-тиббӣ додааст, ки гӯё духтари ноболиғ даст ба худкушӣ зада, худро бо роҳи оташзанӣ ба ҳалокат расонидааст.

Алайҳи мудири шӯъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода бар асоси моддаи 235-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (дидаю дониста хулосаи ғалат додани коршинос(эксперт) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонун то 2 соли зиндон муҷозотро пешбинӣ мекунад.

Қатли як духтари 17-сола дар ҷамоати Сешанбе дар ибтидои моҳи феврал дар Турсунзода ва атрофи он сарусадои зиёде ба по кард.

Иллати марги ин духтарро баъди пайдо кардани ҷасади сӯхтааш ибтидо ҳамчун худкушӣ санад карда, ӯро ба хок супурданд. Вале баъди дубора аз гӯр берун овардани ҷасад ва ташхиси нав маълум шуд, ки сабаби марги ӯ на худкушӣ, балки 13 зарбаи корд будааст. Қотилон баъди куштан ҷасади ин духтарро оташ задаанд, ки изи ҷинояташон пинҳон монда, ҳама фикр кунанд, ки вай худкушӣ кардааст.

Қазияи ин духтар ба як достони ишқӣ мемонад, вале бо фарҷоми талх.

Гулбаҳор (номи шартист) ба як ҳаммактабаш дил баста буд. Ишқи онҳо баъди онки Гулбаҳор соли 2016 пас аз хатми синфи 8 тарки мактаб кард, боз ҳам идома ёфт ва инро, ба гуфтаи тафтишот, ташхиси сабти гуфтугӯҳову мукотибаҳои телефонии писару духтар низ собит мекунад.

Гулбаҳор дар ин сӯҳбатҳо пойфишорӣ кардааст, ки овозаи ишқи онҳо дар ҳамаҷо паҳн шудааст ва писар бояд ба хонаи онҳо хостгор фиристад, то ки онҳо издивоҷ кунанд. Писар, ки дар синфи 11 таҳсил мекард, дар посух гуфтааст, ки ҳанӯз дар мактаб таҳсил мекунад ва ба масъалаи издивоҷ баъди хатми таҳсили ӯ бар хоҳанд гашт. Духтар сипас таҳдид кардааст, ки агар аз издивоҷ саркашӣ кунад, ба милиса хабар медиҳад.

Қонунҳои Тоҷикистон алоқаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғро сарфи назар аз ризоияти ӯ ба чунин наздикӣ ҷиноят арзёбӣ мекунанд.

Ҳамин моҷаро боис шудааст, ки ба гуфтаи мақомот, он писар ба қатли духтари дӯстдоштааш иқдом кунад.

Ӯ духтарро ба мулоқот даъват кардааст. Гулбаҳор рӯзи 2 феврал ба меҳмонии бобову бибиаш омада, шабона барои чанд дақиқа берун мешавад ва дигар барнамегардад.

Ҷасади сӯхтаи Гулбаҳорро рӯзи 4 феврал 9 километр дуртар аз маҳалли зисташ дар ҳудуди ҷамоати Сешанбе пайдо карданд.

Ҷанозаи ӯро баъди онки ташхиси аввал иллати маргашро худкушӣ номид, ба хок супорданд. Танҳо баъди кушодани гӯр ва анҷоми ташхиси дигарбора маълум шудааст, ки Гулбаҳорро дар асл бо кушта ва сипас ҷасадашро оташ задаанд.

Ангушти иттиҳом билофосила ба сӯи дӯстдоштаи ӯ баланд шуд. Ин хонандаи синфи 11 ва як шарики ҳамсолаш ҳоло дар боздошт қарор доранд. Интизор меравад, парвандаи онҳо рӯзҳои наздик барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шавад. Моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои куштори ноболиғ ва куштор бо бераҳмии махсус ҳамчун муҷозот то 25 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ кардааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • уртокбек:

    Регар криминалний город, там все можно подкупить. Как говарят по нашему Пул буса джангалга шурпа. Там властует денги и ради него силовики готови все криминала спрятать, говорят что особенно прократура там корумпирована.
    Если родители потерпевший не обратилис в Душанбе им тоже грозил тюрма

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner