• Бахтовар Сафаров
  • 03.05.2019
  • 11

Ҷавон духтарро зад, милитсия диду чизе нагуфт (Видео)

Кормандони сомонаи “Tajikistantimes.com” махсус дар байни сокинони пойтахт таҷрибаи иҷтимоиро гузарониданд, то бифаҳманд, ки мардум чи гуна таваҷҷуҳ мекунанд ва амал нишон медиҳанд.

Дар маркази пойтахт ҷавонписар духтарро мезад, вале ягон шахси роҳгузар аҳамият ва диққат намедод. Мардум аз дур тамошо мекарданд. Агар ҷавон духтарро зада мекушт ҳам кордор намешуданд. Танҳо кормандони мақомот, ки дар маркази шаҳр тартиботи ҷамъиятиро назорат мекунанд, яъне милитсияҳо монеъ ва бартарафкунандаи ин ҷанҷол шуданд.

Баъзеи занон ба ҷавон наълат хонданд, вале халос накарданд. Ҳамаги ду ҷавон дар ду мавзеъ ҷавони дар хархаша бударо аз духтар ҷудо карданд.

Дар мавзеи Сирк бошад, милитсия телефон дар гӯш аз назди ҷавони бо духтар сар ба гиребон буда гузашт, ду – се маротиба нигоҳ карду гапзанон бо телефони худ роҳро давом дод. Ин боиси таассуф аст. Баъзеи роҳгузарон мегуфтанд, ки шояд муносибати оилавӣ дошта бошанд, чаро ба онҳо халал расонем. Кор кори худашон…

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Тохир:

    Албат и милиса фикр кардай ки пранк кардестиян чи )))

  • Игорь:

    Сразу видно что постановочное видео.

  • Тобон:

    Салом Тоҳир «пранк» чи?

    • Тохир:

      Алейкум салом апаи «Тобон» Пранк ин як шӯхии бад аст, ки бар ивази беназорате, ки шумо метавонед дар ин рӯ ба рӯ шавед. Пранк асосан калимаи англисӣ аст, он метавонад ҳамчун «шӯхӣ масхара» тарҷума шавад.

  • Anonymous:

    Тачрибашон камай барои инхел санчишхоро гузаронидан барои он ки пеш аз сапт кардани навор онхо бо якдигар гап зада механдиданд дар хамончо як мошин аз он тарафи рох истодаонхоро назорат мебурд ин худаш маьлум буд

  • Одам:

    Барои чи хама шарххоро чоп намекунед, е факат хушомату гапхои лочу пич маькул мешаванд? Агар дар чамият хама якхел бошанд, пас ин ботлокро мемонад, ки дар он на ободи хасту на …

  • Anonymous:

    Барои чи хама шарххоро чоп намекунед, е факат хушомату гапхои лочу пич маькул мешаванд? Агар дар чамият хама якхел бошанд, пас ин ботлокро мемонад, ки дар он на ободи хасту на …

  • Алманар:

    точно пранкер!

  • рукия.:

    Бояд хамон чавонписарро аз гиребонаш гирифта хама каса 1шапоти обдор зада боз коркунони милицияро фавран чег мезадан хамакаса.бетараф будан ин инсоният нест.зан чи чон дорад ки номард мезадаст.хай вай ягон милисаи буздил будагист.

  • Anonymous:

    холиям дорем мардуми багайрат ин ша Аллах

  • Соро:

    Дируз 9 май дар рохи зеризамини нигахбони ин рохи зеризамини (ин аблах чиро нигахбони мекунад 2 мохии мурдаро) ба як зани рохруби сатрпуш ки бо ин мард дар мохи Шарифи Рамазон чак партофтаю ба китфони мард ду даста зада хай хуй мекарданд. Ин хонуми еркаи нигахбон дар дасти як зани рохгузар яхмосро дида ох кашид. Аз ин суханхои хонум нигахбон ба ин зан дарафтод, ки ту дар чои чамъияти яхмос нахур чун зан шикоят кард ки ба милиция хабар медихам ин чаноб нишони болои синаашро афшонда МАН ХУД МИЛИЦИЯ ХАСТАМ барои хамин мегуям, гуфта шишта буд.
    Ин духтари дар навор буда ба Худо шукр гуяд, ки аз болои ин мард боз милиса уро ба чавобгари накашидааст.
    ХАЧ ЧИ МЕРАВИ МАРДУМОЗОРИ МАКУН.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner