• Бахтовар Сафаров
  • 24.07.2019
  • 0

Ҷавони 20-сола аз сандуқ 50 000 сомонӣ дуздидааст

Кормандони милитсия ҷавонеро бо гумони дуздии 50 000 сомонӣ аз дохили сандуқ боздошт кардаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Тавре манбаъ иттило медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён аризаи зани 61-солаи сокини деҳаи Навободи ҳамин ноҳия ворид гардид, ки рӯзи 23-уми июли соли 2019, тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқ 50 000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Ҳисор бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд”, — омадааст дар иттилоия.

Тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner