• Mardon
  • 07.08.2019
  • 0

Ҷавони тоҷик аз хизмати аскарӣ ба Русия фарор кард

Ниҳодҳои судии Ҷумҳурии Чувашистони Русия шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистонро, ки аз хизмат дар артиш сарпечӣ карда ва дар Русия паноҳ бурда буд, аз ин кишвар берун кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Ҷумҳурии Чувашистон, ин ҷавони тоҷик ба иттиҳоми вайрон кардани муқаррароти муҳоҷират боздошт шуда буд.

Дар муҳокимаи суд ин ҷавон гуфтааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон асту дар Русия коре пайдо карда натавонистааст. Вале наметавонад ба ватан бозгардад, зеро ӯ ба артиш даъват хоҳад шуд.

Шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон ба миқдори 2 ҳазор рубл ҷарима шуда ва аз Русия ихроҷ гардид. Тибқи қонунҳои Русия вай наметавонад дар 5 соли оянда вориди ин кишвар шавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner