• Шаҳло НИЁЗОВА
  • 29.03.2017
  • 0

Ҷавонзанро дар хонааш камаз кушт

 Мувофиқи маълумоти ВКД, дирӯз тахминан соати 07:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз 43255”, марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Баҳор ба самти кӯчаи Камолаи пойтахт, ҳангоми баромадани баландии роҳ муҳаррики он хомуш шуда, автомашина ба қафо ҳаракат намуда, ба девори ҳавлии истиқоматии зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.

Дар натиҷа, соҳибхоназан таги девор монда, бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

 

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner