• Бахтовар Сафаров
  • 04.09.2019
  • 0

Ҳавопаймо надорем!

Аҳли оилаамон ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунем. Аммо солҳои охир  Камолиддин ва Идибек Ҳамроевҳо ном шахсон, ки  дар ҳамсоягии мо истиқомат менамоянд, истиқоматгоҳи умумӣ (общежитие)-ро аз худ намуда,  дар он ҷо якчанд оиларо иҷорашин кардаанд.

Дар вақташ модари онҳо, марҳум Аврия Ҳамроева бо Қарори Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе онро шахсӣ карда буд. Атрофи бинои мазкур маҳкам буда, он ҳамчун ҷойи бозии кӯдакон истифода мешуд. Бо мурури замон бинои мазкурро фарзандонаш гирифтаанд.

Ҳарчанд ин бино садамавӣ аст (ба акс нигаред), дар он ҷо онҳо иҷоранишинҳоро таҳти номи “хешовандони худ” ҷой доданду аз он фоидаи зиёд мебинанд. Ҳарчанд дар қарор танҳо бино шахсӣ карда шудааст ва замини атрофи он дахле надорад, ҳар сол ин оила кам-кам заминҳои атрофи онро “газида”, кӯчаро бастанд ва ҳоло ҳамсояҳо имкони гузаштан аз ин роҳро надоранд.

Онҳо  худсарона як қисми заминро аз кӯчаи Ҳаёти нав назди хонаи №15 бо  девори бетонӣ ва тахтагӣ иҳота карда, дар он ҷо худсарона  биноҳои иловагӣ, аз қабили ҳоҷатхона, ҳаммом, гараж сохтанд. Он замон ин заминҳо аз тарафи Ҳукумати ноҳияи Фрунзе (Сино) ба ҳолати аввалааш багардонида шуда буд ва нисбати гунаҳкорон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо таъиноти Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 25.02.2004 аз сабаби касалии вазнин будани Ҳамроева парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шуда буд.

Ворисони ӯ моликияти меросиро ин қонуншиканиҳоро идома доданд, вале касе пишакашонро пишт нагуфт. Ҳатто суди зинаи аввалин дар н. Сино ба фоидаи онҳо ҳалнома баровард. Аммо коллегияи  суди шаҳрӣ пас аз омӯхтани масъала, ба хулосае омад, ки даъвои мо, бошандагон дуруст аст ва барои чунин адолат мо аз судяҳо А. Раҳимзода, Ҳ. Муминзода, Т. Мусобиқзода  хеле миннатдорем, ки мӯйро аз хамир ҷудо карданд.

Ҳоло мо ҳамсояҳо дар иҳотаи молу мулки ин бародаронем ва тайёра ҳам надорем, ки аз ин кӯчаи сарбаста берун шавем ва  ё ба хонаҳоямон баргардем. Сохтмонҳои худсаронасохтаи шаҳрвандон  Ҳамроевҳо ба ягон чорчӯбаи қонун рост намеояд. Муроҷиатҳои мо ба ҳукумати маҳаллӣ ягон натиҷае намедиҳад. Пас, ба доди мо кӣ мерасад?

Аз Раиси шаҳрамон  эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки комиссияи махсус ташкил карда, бо иштироки худи Раиси муҳтарам омада, ҳолати корро дар кӯчаи  Ҳувайдуллоев , хонаи № 61 ва гузаргоҳи кӯчаи мазкур бо чашмони худ бинед.

Бо эҳтиром, сокинои маҳалла: Ш. Нурматова,  Н. Исмоилова, Н. Ғаниева,  И. Исмоилов,  М.Ҳайдарова, А.Ҳайдаров,  Ш.Расулова,  Н. Исмоилов,  А. Ҳайдаров,  И. Исмоилов

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner